Зери чархи катораи замона (draft version - сиехнавис)
1.
Дар истгох одамони зиед гирд омада буданд. Руз ба огуши торики мерафт ва мардум хамаги дар талоши он буданд, ки зудтар ба автобус нишинанд ва кабл аз он ки намози шом фаро бирасад, ба хонахояшон бираванд ва дар хона рузаашонро кушоянд. Зани солхурдае борхалтаи нони бозори ва ангур дар даст бо чавондухтари наздаш сухбат мекард ва мегуфт, дар боз кардани руза таъхир набояд кард.
Автобус омад ва истгох дар як он ба хонаи мурчагоне ки гуие хамин холо зери пойи одаме монда бошад, табдил ефт. Хама дар талоши он буданд, ки зудтар ба автобус бишинанд. Ронанда дари миенаро боз накард, чун он чо аллакай пур аз одам буд. Ба харфхои пулчинак ки аз пас як автобуси холитар хохад омад, хеч кас дигар бовар хам намекард ва хеч кас хам намехост, ки дар ин сардии тирамохи бо шиками гурусна мунтазири автобуси оянда бошад. Зани солхурдаи ангурдор бо кади кутохи худ зур зада, аз паси марди болобаланде чой гирифт, то аз пушти у вориди автобус бишавад. Зан аз паси мард як пояшро ба даруни автобус гузошт, баногох китфи дигаре аз пахлуи росташ уро зер кард. Бо фишори китф вазни зан акиб рафт ва то ки наафтад, пояшро аз даруни автобус хам гирифт. Дар он хама талотупа дид, ки китф аз хамон чавондухтари хамсухбаташ буд.
Автобус бо дархои нимпушида равон шуд. Пулчинак мардумеро, ки по даруни автобус нихода буданд, бо зур тела медод, то дари автобусро пушад. Зани ангурдор дар истгох монд. Ба чехраи у, ки пур аз эхсоси хакири ва яъс буд, касе хам эътиборе намедод. Зан талош мекард, то аз чашмонаш об набарояд ва хеле мехост, ин холати уро касе надида бошад. Хеч намехост, ки касе уро дар холати хакири дида бошад.
Руи хараки истгох мусафеде менишаст ва ин хамаро у дида буд. Телпаки чигарранге, ки шояд хамсол бо автобуси наврафта буд, дар сар дошт. Чирки телпак на камтар аз чирки руи мусафед буд. Ин телпак бехтарин аз он хама либоси жулидааш буд. Риши баландаш аз у як бомжро ба тасвир медод ва носе ки хамин холо ба змин туф кард, гувохи он буд, ки рузадор хам нест. Танхо хамин мусафед хакири ва яъсро дар чашмони зани ангурдор дид, аммо ин холат хеч тореро хам дар дили пирамард наларзонид.
Борон бас кард. Мусафед аз чояш бархост ва рохашро пеш гирифт. Дар истгох танхо ба хотири борон истода буд, на барои автобус, чун уро аллакай солхо боз ба автобус рох намедоданд. Бу мекуни, алкаш, мегуфтандаш.
2.
Мусафед ягона нафаре буд ки дар куча мерафт. Чо-чое талош мекард, то пои лангаш ба даруни чуйчахои хурди аз борон пайдошудаи рох назанад ва об даруни туфлияш надарояд. Аз туфлияш танхо исм боки монда буд.
Хангоми аз паскучае гузаштан мошине бо суръати баланд аз наздаш сигнал дода гузашт ва мусафед фурсат наефт то худро аз оби зери чархи мошин канор бигирад. Об порахои дарбехи сафеди поентар аз зонуи шимашро хаммонанди ранги худи шим сиех кард.
Мусафед ба кучаи асоси баромад, то аз пиедарохи хиебони маркази биравад. Он чо бехтар сохта шуда буд ва чуйчахои хурдакаки об дар пиедагарди хиебони маркази ба чашм намерасид. Пиедарох васеътар хам буд ва дуртар аз рохи мошингард. Дар хиебони маркази мошинхо хам бо суръати баланд харакат намекарданд, чун пулиси рох дар он чо сари хар кадам истода буд.
Вале пирамард ин рохро дуст намедошт. Чун бояд аз надзи биное гузар мекард, ки дар сари пиронаи у хотироти солхои пешашро бедор мекард, бояд аз назди биное гузар мекард, ки дар он чо тули ду панчсола кор карда буд. Бояд аз назди бинои порлумон гузар мекард ва хар боре ин гузар баробар бо кубидани сузане дар дилаш буд.
3.
У вакил буд. Хатто ду бор. Дуруст аст, ки вакилии бори дуввумаш бо захмату даводав ва додгохбозихои зиедаш даст дода буд, аммо хеч маблагеро бар ивази радди курсии порлумон нагирифт ва аз хеч тахдиде хам натарсид. Дар охир мачбур шуданд, уро боз як панчсолаи дигар дар порлумон токат намоянд.
Уро хамкурсинишинонаш дуст намедоштанд. Ягона вакиле буд, ки дар хар чаласа ба гущи хама лексия мехонд, бо аксхои ба тозаги аз холи сангини беморхо гирифтааш, бо шикоятхои дар когазхои кухнаи зардшудаи мардум, табъи хамаро хира мекард. Бо талабхояш дар масъалани он ки вакилон гафсихои худро бардоранд ва ба вохури бо интихобкунандагонаш бираванд, ба чони хама зада буд. Бисер холат мешуд, ки аз вакти чудошуда бештар харф мезад ва раиси мачлис микрофони уро хомуш мекард. Холатхое ки хнуз вакти муайяншуда ба анчом нарасида, микрофонаш хомуш мешуд, низ кам набуд.
Ягона вакиле буд, ки аз мошини хидмати даст кашида буд ва пиеда ба порлумон рох мегирифт. Хар субх баробар бо мардуми одди ба автобусу троллейбус менишаст ва чун дар порлумон вакилони дигар бо наздик шудан ба у бинияшонро аз буи араки бадан инч мекарданд, мегуфт, акнун тасаввур кунанд, ки холи он хама мусофирони автобус дар гармо чи гуна аст. Буи араки бадани у аз серодамии автобусхо боис шуда буд, ки дар даруни шахр шумори наклиети мусофирбарро бештар кунанд, то каме хам мардум рохаттар ва дар наклиети холитар биравад.
Хар бегохи дер пиеда ба суи хонааш рох мегирифт. То хонааш рох дур хам набуд, чун аз ерипулихои замони донишчуияш дар Гарб дар марказ хона харида буд. Хонае ки дигар ба он пас аз марги хамсари чавону хомиладораш хеч дилбастагие надошт.
Раиси мачлис гохе мехмонаш мешуд. Харчанд хамдигарро он кадар дуст хам намедоштанд, вале ба хотири хамсабаки берун аз кор ба руи хам табассум мекарданд. Гохе мехмон мешуд ва хамеша аз у танкид мекард, ки чи имконоте дорад, вале ояндаашро фикр намекунад ва хеч маблаге хам барои ояндааш чамъ намеорад. Танкидаш мекард, ки замони мансаб зудгузар аст, аз он бояд истифода кард ва пул чамъ овард, бояд хурду кайфу сафо кард, вагарна фардо пушаймон хохад шуд.
Вакил ба ин хама гуфтахо бо табассум менигарист ва раис дар ин табассум гуие тараххуме ба тамаъкори, пулдусти ва сафоталабии худ медид. Кахраш меомад, тамасхур мекард ва мегуфт, холо замоне фаро хохад расид, ки пушаймон хохад шуд, о чи гуна пушаймон хохад шуд. Ба Лексуси сафеди наваш менишаст, сипас тирезаро боз поин мекард ва мегуфт – намехохи ки Варзоб биравем бо духтаракони шух? Аблах – мегуфт бо дидани каллачунбони ба нишони рад ва ба ронандааш амр медод, - рафтем.
4.
Мусафед ба бинои тозатаъмирдидаи порлумон нигарист. Ин биноро зуд зуд таъмин мекарданд, кучо таъмир, танхо рангу борашро дигар мекарданд, курсиву фурнитураи соли гузашта харидаашонро иваз мекарданд ва «кухна»-ашро «списат» мекарданд ва пас аз ин хама таъмир ракамхои хисоби бонкии чанд нафари мубтакир ва масъул дар Сингапур бештар мегардид.
Аз едаш намерафт, ки чи гуна дар замонаи ваколаташ ба «таъмир»-и навбатии бинои порлумон зид баромада буд ва ба дафтари кории худ фурнитураи навро рох хам надода буд. Гуфта буд, бо он хама маблаг ба чои оро додани бинои порлумон бехтар аст, ки барои бемористони амрози сирояти воксинахои зидди зукоми буз бихаранд ва онро ройгон ба мардум бидиханд, то аз шумори бештари курбониени зукоми буз чилавгири кунанд. Ках-кахаи хандаи вакилони дигар хангоми садо додани ин пешниход аз гушаш то дер боз нарафта буд.
Уро хеч бор дар ТВ нишон намедоданд, дар нашрияхо дар борааш наменавиштанд, аммо хамаи мардум уро мешинохт. Махсусан, онхое ки ба мушкил гирифтор мешуданд ва ба ери ниез доштанд. Марде ки курбони дасисае шуда буду кораш ба пулиси ришвахор афтода буд, зани чавоне ки дар утоки кории додситони тачовуз шуда буд, падари наврасе, ки пас аз дидани часади чигарбандаш дар кисми харби бо фармондехи кисми харби даст ба гиребон шуда буду, чанд дандону устухонашро шикаста буд, зани солрафтае, ки пас аз таркиши газ дар манзилаш хамаи наздикон ва амволи худро аз даст дода буд ва даххо мазлуми замони чангали дар паси дари у навбат меистоданд. Уро хеч гох дар ТВ нишон намедоданд, вале мардум хама уро мешинохт.
Мусафед нигохашро аз бинои порлумон канд, дахонашро пушид ва боз ба рохаш идома дод. Дарди дили уро аз чехрааш дидан душвор буд. Хотирахо як кунчаки дилашро ханузам мефишурданд, вале ин фишор дигар ба мисли солхои аввали бадбахтияш дардманд набуд. Ба зиндагии фаромушона одат карда буд, ба карохати мардум аз худаш низ одат карда буд. Буи бади баданаш ба димогаш намерасид. Ба хурдани гизои пасмонда одат карда буд. Аз дароз кардани дасташ барои гадоии чанд тангае дигар ор намекард. Вакил гадои мекард!
5.
Чун давраи ваколаташ ба анчом расид, дар хеч ниходи давлати уро ба кор нагирифтанд. Маълумоти олии гарбро дошт ва метавонист ба Гарб биравад, вале нахост аз Ватан дур бошад. Хар бегох бояд ба сари манзили хамсараш гул мебурд ва порае аз Куръон кироат мекард. Танхо гузошта рафтани ин кабрро намехост, чун ягона кабри наздикаш буд, дар ятимхона бузург шуда буд ва касе хам надошт.
Як муддате дар созмонхои байнулмилали кор кард, вале чун хар боре шартномаи кутохмуддаташ тамом мешуд, он созмон диар шартномаро тамдид намекард – дар муддати кутохи кори у кормандони андозу зиддифасоду додситониву газу барку обу хатто вогиршиноси дари паси созмонро охурча мекарданд. Рахбарони хоричии созмонхои хоричи зуд ишораро мефахмиданд.
Чунин муносибат ба дилаш дард меовард. Барояш дарки он маъни ки зери чархи катораи замона мондааст, дардманд буд. Чун бекор мемонд, мушкили моли мисли сузан ба баданаш мехалид. Чун хеч пасандозе надошт ва хамеша танхо бо мохона зиндаги мекард.
Вакте охирин шартномааш дар созмони хоричиро лагв карданд ва худаш хам аз пешниходи ери дар мухочират ба Конодо даст кашид, мачбур шуд чизу чораеро аз хонааш ба фуруш барорад. Бояд хамакнун зиндагияшро ба танзим медаровард. Аввал аз газ даст кашид, аз хамон гази талвиди ватани, ки пас аз мушкилоти солафзуни интиколи он аз кишвари хамсоя, тархи бунеди аввалин корхонаи ватанияшро кашида буд. Рузона аз барки хеле хам гаронарзиш истифдоа намебруд, вале дар охир мачбур шуд бо ширкати баркрасон карордодашро лагв бикунад. Худро таскин медод, ки акнун харидани чой барояш лозим нест ва бо нушидани об ва омода кардани бургеру бутерброд кифоят хохад кард.
Дар аввал ба бутерброду бургери дасти ниез кариб надошт, чун хамсояхо ва мардуми одди ки замоне кумакашон карда буд, ба хабаргирияш меомаданд ва барояш хурок меоварданд, либос меоварданд, хока меоварданд ва либосхояшро хам ба нею нестонаш нигох накарда, шуста медоданд. Аммо ба охистаги шумори чунин мехмонони мехрубон кам мешуд. Вакте дар нахустин зимистони зиндагии наваш мариз шуд ва аз по афтид, дари чубини хонаашро касе дигар так так накард. Хамон бегох барои нахустин бор дар он хама солхо ба сари кабри хамсараш гул набурд. Аммо сарфи назар аз хароорати баланд ва дарди сар кироати ояе аз Куръонро барои равони хамсараш ва тифли дуненодидааш фаромуш накард .
6.
Аз бинои полумон хеле дур гардида буд. Боз борон ба боридан сар кард. То манзилаш рохи кам монда буд, вале ба у тар шудан мумкин набуд, чун боз мариз мешуд ва бо шиками гурусна дар хонаи танхо мариз будан уро ба марг наздик мекард. Мурдан намехост, зеро ки уро хам мебурд ва гур мекард? Да кучо гур мекард? Дигар орзуи дар пахлуи хамсараш хобидан дар сараш чарх намезад, хамон гуна ки кучо будани кабри уро кайхо фаромуш карда буд.
Борон сахттар мешуд, худро назди девори дуконе гирифт. Дукондор – чавони 20-солаи зебову кадбаланд дуконашро махкам мекард, то аз намози шом дер намонад. Бомжи алкашро он чо дида, дар чашмони у нигохи дуздро дарефт ва дархол бо дашноми кабехе дар хакки кампири мусафед уро аз зери девори дуконаш ронд.
Чунин дашномхо дар хакки азизтарин азизи дилаш, ягона азизи дилаш, хамсари чавонмаргу мехрабонаш дигар чехраи мусафедро хатто дигар намекарданд. Кариб хар руз чунин дашномро мешунид ва дигар одат карда буд. Дашноми хамсараш, ки хамаги як сол бо у зиста буд, ва модараш ки боре хам уро надида буд, аз як гушаш медаромаданд ва аз гуши дигараш баромада мерафтанд. Бовари ба онро ки хамсару модару фарзанд чузве аз номуси мард аст, аз даст дода буд.
Хамчуноне ки бовари ба ин дуневу он дуне, ба он ки ачри некихояшро хохад дид, бовари ба Худоро кайхо аз даст дода буд, хамон гуна ки бовари ба мардумро, ба некиро. Барояш мухим хам набуд. Мухимтар он буд, ки аз кучо ва чи гуна шикамашро сер бикунад, каме бинушад ва дунеро фаромуш бикунад, е донаи сигоре биебаду хуморашро бишканад ва оби чашмонаш дар паси дуди сигор пинхон бимонанд.
Аз зери девор берун рафт ва дар зери борон лангон лангон кадам зад. Зери лаб гурунгос хам зад – агар медонистам, ки чи мардуми касифед, чи мардуми пасту лаъину ношуд хастед, хеч барои шумо ранч намекашидам. Аз хакки шумо нахурдам, дар хакки шумо неки кардам, ва имруз дар посух аз зери деворатон меронедам. Аблах будам, ки ришва намегирифтам, вагарна ба осони маблаги дармони хамсарамро дар хорича дарефт мекардам, у хам имруз зинда мебуду хам имруз аз дахони шумо дар хаккаш дашном намешунидам. О, чи кадар аблах будам.
7.
Чунин харфхои пушаймони борхо аз дахонаш садо дода медоданд. Харфхои хамсабакаш – раиси порлумонро ба ед меовард, ки мегуфт, бояд хурду кайфу сафо кард ва барои фардо чамъ кард. Он вакт ба дунепарастии хамсабакаш тараххум мекард, имруз касе ба холи у тараххум намекунад. Барои ин мардум захмат мекашид ва имруз миени хамин мардум гадои мекунад. Харчанд, фикр мекард, ба тамсили зиндаи поквичдони табдил хохад ефт, вале имруз ин «тамсили зиндаи поквичдони» аз рафхои бозор донаи ангур дузди мекнуад ва дар партобгох аз дасти кудакони хиебони пораи нонро кашида мегирад, то худ аз гуруснаги намирад.
Пушаймон буд, аламаш мекард, вале намегрист. Гиря хоси афродест, ки дар дил хануз пораи эхсоси инсоние доранд, дард мекашанд, гам мехуранд ва е шоди мекунанд. Дар дили мусафед дард кайхо мурда буд, шоди барвакттар аз он ва танхо талаботи хайвони боки монда буд – бихурам, бинушам ва зинда бошам.
Зери борон лангон рох мерафт. Чавондухтаре ки зери чатр ва огуши чавонписаре рубарушя меомад, бо карохат нигохашро аз мусафед гурезонд ва чавонписар бо дидани он ки ду чашми мусафеди бомж аз онхо канда нест, бо газаб аб у нигарист . Чуфт аз наздаш гузашта рафт ва нигохи мусафед аз паси онхо баргашт. – Ха, мусафед, нав акнун ба духтархо нигох мекуни а?
Нигохи мусафед ба суи садо, ба рохи мошингард тоб хурд ва дахонаш овезон гашт. Рубаруяш тозатарин тамгаи Мерседеси сиех бо шишахои сиех истода буд, тирезаи акиб каме поин ва аз он чо ба у хамсабакаш – раиси собики мачлис менигарист.
8.
Уро а замони анчоми фаъолияти порлумон надида буд, вале ин хама солхо чехраи уро кам тагйир дода буд.
- Чанд бор чаррохии плостик дар Фаронса кардаам. Аслан хам хамон чо ба сар мебарам. Дар назди сохили Нитса кушке дорам – накл мекард хамсабакаш.
Чун дари тарабхонаи хинди боз шудаву ба он яке аз сарватмандтарин афроди замон бо бомжи жулидае дарун шуда буданд, ахли тарабхона дасту по хурда буданд. Сипас, фикр карданд, ки шояд паси дар боз гадохои дигар хам хаст ва хамрох бо онхо журналистони зиеде вориди тарабхона мешаванд, то аз саховатмандии навбатии сарватманд дар пешоруи интихоботи навбати як хафтаи дигар дар расонахо табли таблиг навохта шавад. Вале ки на. На журналисте буду, на гадои дигаре.
- Мошини ман аз назди порлумон аз паси ту омада истода буд. Ман дар он чо чун дидам, ки ба бино хеле нигох карди, якин кардам, ки ту хасти. Хеле тагйир ефтаи, мусафед. Хеле пир шудаи, фартут шудаи, чиркин ва бадбуй хасти, ба гадову бомж монанд хасти. – Хамсабакаш дуои боз кардани рузаро хонд ва як чуръа аз чоми об даркашид. – Мутмаинам, ки ту руза хам намедори?
- Чандин сол боз ман рузаамро хамон вакте мекушоям, ки чизе барои хурдан дошта бошам – Аз сарди ва холигии нигохи мусафед муи бадани хамсабакаш сих зад.
- Хуб, ту аз ин мардум наранч. Мардум дар хар замон ва дар хар макон якгуна аст. Фикри равган ва пусти худ ба майнаи сари хар инсон наздиктар аст аз фикри бегона. Вале парво накун, ягон вакт ба ту хайкал хоханд гузошт ва аз некихоят ед хоханд кард – лаби хамсабакаш ба тамасхур моил гашт – вакте ки мурдиву барои давлатдорони оянда тамсили поквичдони дар таблиготи идеологияшон лозим шуд.
- Мухим нест – мусафед чашмонашро аз чехраи хамсабакаш намеканд. Барояш мояи хайрони хам набуд он ки ин вакиле ки хеч боре хам тугмаи овоздихии порлумнро ба нафъи мардумаш зер накардааст, имруз хамин мардум наздаш дукад шуда таъзимаш мекнуанд ва арч медоранд. Арч барои вакиле ки аз хисоби хамин мардум ин хама сарватро чамъ овардааст. Ин фикр руи забонаш хам омад. Посухи хамсабакаш хам омода буд:
- Мардум маро на, сарватмандии маро эхтиром мекунад. На эхтиром хам на, балки метарсад. Метарсад ки мабодо аз ман накухиш нашнавад, метарсад ки аз мархамати ман дар канор бимонад. Мардум ба ман таъзим мекунад, то аз мархамати ман дар канор намонад. Харчанд ки ман бе хеч фоида ба касе хам дасти кумакамро дароз намекунам. Мардум хам хаминро медонанд, вале бо вучуд аз Худо хам бештар ба ман руи ниез доранд. Ба Худо сачда мекнуанд, вале аз ман метарсанд. Ба Худо сачда мекнуанд, вале барои хушхолии ман мекушанд ва ба ман руи ниез меоранд. Медони чаро?
- медонам – мусафед нигохашро ахиран хам аз чашмони хамсабакаш канд ва аз тиреза ба берун, ба борон нигох кард. – Худоро намебинанд, вале туро мебинанд. Имони онхо ба Худо ва беимонии ман аз хам хеч фарке хам надоранд.
Сухбати онхо аз ин бештар тул накашид. Хурокро оварданд ва мусафед хамоно бидуни риояи хеч адаб бо ду даст ба кабкхои тозабиреншуда часпид. Бо ду даст аввалин кабкро гирифту пурра ба дахонаш наздик бурд ва ба газида хурдан сар кард. Порахои гушту равган дар донахои ришаш кашол, фикр кард, ки холо инашро тамом мекунад ва сер намешавад ва баногох сарватманд дигариро мехурад, зуд бо як дасташ табакро ки кабки дигар он чо буд, ба худ наздик кашид. Дар чехраи хамсабакаш табассумро дида, бидуни он ки гунахояш сурх шаванд, каме шояд шарм дошт ва табакро бозгашт ба чояш тела дод.
- бигир, бигир, ман дертар хурок мехурам – гуфт хамсабаки сарватмандаш ва табакро боз ба назди у тела дод.
Онхо барои хамдигар харфи гуфтан хам надоштанд. Чахонхояшон дигар шуда буд. Дунеи имрузи хамсабаки сарватмандаш барои мусафед нофахмо ва дастнорас буд, холи табохи у бошад барои собик раиси мачлис фахмо.
9.
Замоне ки мошини бошахомати хоричи назди дари манзили мусафед истод, хамсояхояш аз масчид, аз намози таровех мебаромаданд. Ва бо дидани он ки собик вакил ва кунун гадои жулидаи махаллаашон бо чи мошине омадааст, хама дар тахайюр буданд.
- онхо фардо хама дудаста бо ту салом хоханд кард, чун мархамати ман нисбат ба туро дидаанд, фикр мекнуанд, ки бароям одами наздик хасти ва агар аз ту ба онхо фоидае хам набошад, намехоханд ки дар дили ту ранчише аз онхо бошад, чун охир эхтимол аз кудрати ман барои интикоми ин ранчиш истифода бикуни. – кахкаха зад хамсабакаш ва сипас ба мусафед ру овард – ин телефонро бигир. Хар боре ерие ба ту лозим шуд, хатман ба ман занг зан, шумораи телефонамро дар ин мобил сабт кардаам. Дигар гадои накун, дузди хам накун. Араакнуширо бас кун. Фардо ронандаи ман туро ба назди духтур мебарад ва бароят сару либос хам хоха овард. Анун, лутф бикун ва фаро аз мошин.
Мусафед итоаткорона аз даре, ки ронанда барояш боз карда буд, фаромад. Кабзаи пулро низ бидуни он ки боре хам рад бикунад, гирифт, мобилро гирифт, ду кадам гузошт, сипас бозгашт. Дари мошин ханузам боз буд, ва хамсабакаш ба у менигарист. Баргашт ва бо каме ниматаъзим сипос гуфт.
10.
Шаб то дергох аз пахлу ба пахлуе гашт, хобаш набуд ва ба дукони махаллааш рафт. Дукондор ба у арак додан нахост. Аммо у пулро баровард ва нишон дод, ки пул дорад ва арак хост. Дар хамон чо як шишаро чом ба чом нушид. Шишаи дуввумро низ холи кард. Боз ду шишаи дигар гирифт ва суи хонааш рох гирифт.
Дар назди дари манзилаш дар торики куфлро мечуст, то боз бикунад, аммо хамон замон ба замин афтид. Аз зарбаи ба пушти гарданаш. Дар руи замин бо азобе мечунбид, ханузам хушаш дар сараш буд ва хис мекард, ки ду дасте кисахои уро тагуру дорад. Пас аз он ки пулхоро он ду даст аз кисааш гирифтанд, як шаттаи дигаре ба пахлуяш хурд ва баъдан садои давидан дар гушаш омаду халос.
Кариби субх ба хуш омад. Об аз сару либосаш гузашта тамоми баданашро тар карда буд, мастияш хам рафта ва хушер шуда буд, аз сармо меларзид. Хануз хам пардаи торики надарида буд ва танхо нахустин садохои хурус меомад. Бо азобе аз чояш бархост ва ба хонааш даромад. Либосхояшро баровард, бо латтае бадани худро пок кард, либоси дигар надошт, ки бипушад. Печида дар хамон латтапорахову курпачахо ба хоб рафт.
Чанд соат хоб рафта буд, ки садои сигнали мошин баланд шуд. Ронандаи хамсабакаш омада буд ва барояш либос хам оварда буд. Он либосхоро пушид ва ба суи ронанда гуфт, то каме мунтазир бошад кабл аз он ки ба духтур бираванд. Гуфт, бояд то ба хонаи хаммахалааш биравад ва чанд доруе ки он чо дорад, бигирад. Ин дуругро ба ронанда гуфту ба суи дукон рафт.
Дари дуконро боз кард ва рост ба чашмони дукондор нигарист. Дукондор гуие уро надида бошад, бо мизочаш машгул буд. Мизочашро чавоб дод ва ба у нигарист ва гуфт – ха, алкаш, чи омади? Пулат бисер шудааст медонам, боз арак нушидан мехохи? Биер пула, барои ту арак хамеша хаст.
Мусафед ба дукондор наздик шуд ва хохиш кард ба у арак бирезад. Дукондор бо итминон ки мусафе боз пул дорад, зуд арак рехт. Мусафед аракро нушид, дасташро ба киса бурду аз он чо ба чои пул мобилро берун овард ва гуфт, ки рози хаст ба ивази он шишаи арак ин мобилро бидихад.
Monday, January 25, 2010
Subscribe to:
Posts (Atom)